КАМОЛИ МАЪНАВИЁТИ ИНСОН КАФИЛИ АМНИЯТИ КИШВАР ВА ДАВЛАТ АСТ

АНДЕША. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар  раванди бемайлони илму техника карор дорад. Пешрафту шукуфоии оламро бе донишу маърифат наметавон тасаввур намуд. Қисми аз мамолики пешқадами дунё бо фарогирии нерӯҳои ақлонию  эҷод мушкилоти молиявиро ҳал намуда бошанд ҳам, аз нигоҳи падидаҳои номатлубе,  мисли нашъамандию  ВИЧ/СПИД изҳори ташвиш менамоянд. Зеро давра ба давра зиёд гардидани шумораи он  назми ҷомеаро халалдор намуда, сиҳатии насли минбаъдаро зери шубҳа мегузорад.

Мутаассифона, ин  мушкилоти азим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ  ба мушоҳида  мерасад. Бар асари муҳоҷирати  меҳнатӣ, бекорӣ ва бемасъулиятии  қисме аз ҷавонон  аллакай хабари зиёд шудани нашъамандону гирифторони бемории ВИЧ/СПИД «Бемории норасоии масунияти одам» вуҷуд дорад. Пас чӣ бояд кард?

Шарти аввал саривақт ба ҷои кор таъмин намудани ҷавонон мебошад, зеро ҷавонони бекор дар фурсати давраи гузариш ба моҳияти амал чандон сарфаҳм намераванд. Дигар ташкили мизҳои мудаввар, вохӯриҳо, намоишҳои  телевизионӣ, барномаҳои радиоӣ, тарғиб ба воситаи матбуоти даврӣ,  ба зудӣ паст кардани сатҳи афзоиши ин ду падидаи номатлуб аст.

Аксарияти  ҷавонони сустиродаи мо ба як санҷиши таъсири маводи мухаддир ба зулмоти ин амал меафтанду одат мекунанд санҷиши амали бад манфиате ба бор намеорад.

Нашъа алафи худрӯи  заҳрнок буда, воридшавии он ба организми инсон ба пайдоиши бемориҳои мухталиф боис мегардад. Аз ин рӯ ҷавонони мо  набояд ояндаи дурахшони худро бо дуди ин алаф ба зулмот табдил диҳанд. Онҳо бояд  чун ворисони аслии Рӯдакиву Сино ба олами эҷоду фарҳанг мароқ зоҳир намоянд. Танҳо  илму маърифат метавонад шарики боэътимоди инсон бошад.

Дар ин масъала низ ҷавононро иттилоти  судбахш зарур аст. Умуман, тамоми фаъолияти меҳнатӣ ва маишии инсон бояд тибқи дастур сурат бигирад. Ҳама паҳлӯи зиндагии мо дорои қоидаи махсус аст.

Бемории норасоии масъунияти одам  «ВИЧ/СПИД» низ оқибати фалокатбор дорад, аз ин рӯ, пеш аз иҷрои амале дар бораи оқибати он андешидан рисолати инсонии мост.

Мо ки худро миллати соҳибкитобу тоҷдор ба ҷаҳониён муаррифӣ кардаем, набояд ба амали зишт муросо намоем.

Зеро ба ҳуввияти миллии мо бегона  аст, пас барои расидан ба мақсуд ҳамагон бояд ҷиҳати решакан кардани нашъамандӣ ва ВИЧ/СПИД тадбирҳои мушаххас биандешаем.

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,

Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

 

Ҳабибова Муслима, узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар  Маҷлиси вакилони халқи ноҳияти Дӯстӣ 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg