БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН БА ТАШАББУСҲОИ НЕКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭҲТИРОМ МЕГУЗОРАНД

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Тоҷикобод»-и  ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назарови ноҳияи Шаҳритуз доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Масъулини ҳизбӣ дар бораи  ҳадафҳои асосии сиёсати дохилӣ ва берунии кишвар,  адо намудани қарзи фарзандии ҷавонон - хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргардонидани 84  нафар шаҳрвандони ноболиғи тоҷик аз маҳбасҳо ва урдугоҳҳои давлати Ироқ бо кӯмак ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан андешаронӣ намуданд.

Дар охир сокинон аз ташаббусҳои ватандӯстонаи  Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  миннатдор буда, чанде аз онҳо иброз доштанд, ки  ҷавобан ба ин ғамхориҳои Пешвои миллат содиқона ба халқу Ватан хизмат менамоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg