БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ МИЛЛАТ ПОЯНДАГИИ ОНРО ТАЪМИН МЕНАМОЯД!

ПАНҶ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Наврўз”-и ҷамоати деҳоти Меҳвар дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ  бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ мулоқот доир гардид.

Дар мулоқот масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ зимни баромадҳо қайд намуданд, ки бемориҳои сироятӣ дар баробари дигар омилҳои хатарзо барои саломатӣ ба генофонди миллат таҳдид менамояд. Бинобар ин роҳҳои гузариш, пешгирӣ ва инкишофу авҷгирии онҳо зарур аст. Ба ин қабил бемориҳо ВНМО(СПИД) ва гепатити С дохил мешаванд.

         Баъдан оид ба нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, фарогирандаи тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа буда, дар он рушди соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар мавриди таҳлили амиқу ҳамаҷониба қарор гирифта, бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат солҳои 2019-2021 Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуд.

Роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» идомаи мантиқии ҳамин пешниҳод буда, амалӣ шудани он дар дасти худи мо сокинон мебошад- гуфт Файзизода Каримҷон раиси КИ ҳизбӣ ноҳия дар мулоқот.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg