ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Эшма»-и ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳия доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимнан масъулини ҳизбӣ оид ба ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, дар масъалаи ба Ватан баргардонидани 84 нафар ноболиғони тоҷик аз зиндонҳои давлати Ироқ ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз суханронӣ карданд.
Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо тариқи ҳашар роҳи деҳа сангфарш карда шуд.