БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲИ БО СОҲИБКОРОН ДАР МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурўҳи корӣ дар ҳайати кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар бозору марказҳои фурӯш таъсис дода шуд.
Гурўҳи корӣ бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни соҳибкорону фурушандагон дар бозори «Баҳор»-и ноҳияи  Ҷалолиддини Балхӣ бо мақсади нигоҳ доштани нарху наво, ки аз ҷихати ҷанбаҳои дини мубини Ислом ба корҳои хайр дохил мешавад сўҳбату вохўриҳоро доир намуданд.

Масъулин аз фурушандагон хоҳиш намуданд, ки ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода нарху навои маҳсулоти ғизоии аввалияро дар фурӯшгоҳҳо баланд набардоранд то сокинони ноҳия ба ғизои хушсифат дар ин моҳи муборак дастраси дошта бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg