БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАТАНДОРӢ ШАРАФИ БУЗУРГ АСТ!

ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ташабуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳомиён» доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  ва қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар он Муҳамадҷон Зайдуллоев иштирок карда дар назди ҷамъомадагон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфасал суханрони намуд. Аз ҷумла қайд намуд, ки вазифаи мо насли бузург ҳамеша насли ояндаи давронро ба ватандӯстиву рафоқат, ҳифзу ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ раҳнамоӣ кардан ва инчунин дар қалби онҳо муҳаббати ватандориро бедор намудан аст.

Бояд гуфт, ки меҳвари ҳамаи суханрониву ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро андешаҳо ва нақшаву ниятҳои ватандӯстонаву муҳаббат ба Ватан ташкил медиҳад.

Ҳамчунин қайд карда шуд, ки сокинони деҳаи Ҳомиён ба хотири сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар назди муассисаи тҳсилоти миёнаи умумии № 32 сохтмони 8 синфхонаи иловагиро бо тариқи ҳашар роҳандози намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg