БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАР ФАРДИ СОЛИМФИКР БОЯД ДАР ОБОДКОРИҲО ҲИССАИ АРЗАНДАИ ХУДРО ГУЗОРАД

ФАРХОР. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Зери ҳамин мафҳум масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар доираи "Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ" ва бо мақсади иҷрои корҳои фаҳмондиҳӣ ва тарғиби Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Лолазор»-и ҷамоати деҳоти Ватан  хониши сиёсӣ ва корҳои ободонӣ баргузор намуданд.

Баъди анҷоми мулоқот масъулин дар якҷоягӣ бо сокинони деҳа  дар  доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» як қатор корҳоро аз қабилӣ, сангфарш намудани роҳҳои дохили деҳа, сафед кардани дарахтони ҳамешасабз, тоза кардани ҷӯйбор ва гирду атрофи хонаҳои истиқоматиро ба анҷом расониданд.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg