БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ-МАКТАБИ БУЗУРГИ ТАРБИЯИ ИРОДА, ШУҶОАТ ВА ВАТАНДОРӢ МЕБОШАД!

ПАНҶ.Дар доираи «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ».  Масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ  барои   ба дарки  мардум расонида моҳияти хизмати ҳарбӣ, ки мактаби тарбияи ирода, шуҷоат ва ватандорӣ мебошад, дар маҳаллаи Ваҳдатободи  ҷамоати деҳоти Меҳвар вохўрӣ роҳандозӣ намуданд.

Дар он аъзову ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Ваҳдатобод» ва фаъолони маҳал  иштирок намуданд.

         Нахуст Файзизода Каримҷон қайд кард, ки  хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандӣ ва виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, ҳифзи марзу бум тавоноии бузургро талаб мекунад. Бо ибтикори Сафармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумхурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми вазъ ва шароити хизмат дар қисмҳои низоми  хуб гардида, шароити хизмат беҳтар гардидааст. Пас падару модарони моро мебояд, ки фарзандони худро дар рўҳияи садоқат ба Ватан, садоқат ба Президент  ва самимият ба миллат тарбия намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg