
ДӮСТӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдатӣ миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни суханронӣ бахшида ба оғози моҳи шарифи Рамазон зикр намуданд, аз ҷумла, нигоҳ доштани нарху наво дар бозору дӯконҳо ва дастрасии аҳолӣ бо молу маҳсулоти ғизоӣ дар бозорҳои ҳудуди ноҳия дидан карда, аз нарху навои баъзе маводҳои истеъмолӣ изҳори нигаронӣ карданд.
Баъдан баҳри фаҳмонидани моҳияти ҷанбаҳои динии моҳи шарифи Рамазон, дастгирии қишри ниёзманд ва муътадилу дастрас нигоҳ доштани нархи навои маҳсулотҳо бо кишоварзону савдогарон суҳбатҳо гузарониданд.