БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХАТАРҲОИ ҶАҲОНИ НАВИН ВА ТАЪСИРИ ОНҲО БА ДАВЛАТҲОИ ХУРДУ БУЗУРГИ ОЛАМ

ВОКУНИШ. Гардишҳои сиёсӣ, давлати пурқудрати Шӯравиро аз байн бурда, онро ба давлатҳои хурду бузурги мустақил табдил дод. Тоҷикистон дар баробари давлатҳои дигар низ соҳибистиқлол гардид. Дар ин айём Тоҷикистон ба хатару буҳронҳои иқтисодиву сиёсӣ рӯ ба рӯ шуд.

Буҳрони сиёсиву иқтисодии солҳои 90-ум Тоҷикистон то ба дараҷае вазъияти ногувореро ба миён овард, ки дар дохили мамлакат моҷаро сар зад ва он ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфт. Ҳақиқатан набудани амният дар дохили мамлакат боиси таназзули пешрафту муваффақиятҳо гардид. Бетартибиҳои сиёсии рухдода сабаби ҷанги бародаркушӣ дар Тоҷикистон шуд. Аз таъсиси ин ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ Тоҷикистон аз доираи тараққиёт  садсолаҳо дур шуда, тамоми механизми идораи қудратӣ ва истеҳсолӣ заифу нотавон гардиданд.

Дар ҷаҳони имрӯза махсус гурӯҳҳои манфиатхоҳе пайдо шудаанд, ки барои манфиатҳои иқтисодиву сиёсӣ ва амалӣ сохтани ҳадафҳои геопалитикиву геостратегӣ мубориза мебаранд. Чунин гурӯҳҳои манфиатхоҳ ба хотири тарсонидани мардум аз роҳҳои гуногуни қатли ваҳшиёна истифода мебаранд, ки гурӯҳи ҷиноятҳои махсусан вазнин дохил мешаванд. Аз ҷумла, терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои муташаккил низ ба чунин гурӯҳи ҷиноятҳо дохил мешаванд, ки амнияти давлатиро халалдор месозанд. Дар раванди ҷаҳонишавӣ пойдории амният ва бехатарии фазои дохилии давлатҳои хурду бузург яке аз муҳимтарин масъалаҳои глобалӣ ба ҳисоб меравад. Рушд  ва инкишофи давлат дар миёни нооромиҳо бағоят душвор ва хатарнок аст. Дар баробари соҳибистиқлол гардидан ва азнавсозии тамоми системаи ҳокимияти  дохилӣ, ҳамчунин Тоҷикистон субъекти комилҳуқуқи созмонҳои хурду бузурги байналмилалӣ гардид. Тоҷикистон низ дар қатори давлатҳои абарқудрати олам дар ҳалли масъалаҳои глобалии дар миқёси ҷаҳон вуҷуддошта, саҳми муассири худро гузошта истодааст.

Он ҳодисаҳое, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро фаро гирифтанд, акнун Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ бетаъсир намегузоранд. Дар чунин маврид халқи Тоҷикистонро мебояд муносибати дурбинонаю оқилонаро дар дохил ва хориҷи кишвар вобаста ба таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ ва хатарҳои он ба фазои дохили кишвар ҷиддӣ ба роҳ монад. Зеро Тоҷикистон низ аз хатари манфии онҳо ба амнияти миллияш дар канор буда наметавонад. Дарёфти роҳу воситаҳои бехатар нигоҳ доштани ваҳдату истиқлолият ба хотири ҳимояи манфиатҳои миллӣ аз таҳдиди хатарҳои нави ҷаҳонӣ, беҳтарин имконият барои абадӣ будани Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон хоҳад буд. Субъекти гурӯҳҳои хатарэҷодкунанда-шаҳрвандони роҳгумкардае мебошанд, ки тафаккури сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии онҳоро тавассути далелҳои дурӯғини бофташуда, ки гӯё ҳақиқат бошанд, тағйир додаанд. Онҳо ба террористу ифротгаро табдил ёфта, барои амалӣ сохтани мақсадҳояшон тайёранд, ки аз баҳри Ватан, волидайн ва мазҳабу миллат гузаранд.

Хатарҳои асосие, ки ба ҷаҳони имрӯза таҳдид мекунанд чунин гурӯҳбандӣ карда мешаванд: Буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, таҳдиди ҷангҳои термоядроӣ, хатарҳои экологӣ (ифлосшавии ҳаво ва кам шудани захираҳои обии ҷаҳон), истеҳсоли  барзиёди нефту газ ва камшавии захираҳои сӯзишворӣ, касалиҳои сирояткунанда ба монанди ВИЧ-СПИД, ЭБОЛА, таркиши  демографӣ, терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромиллӣ.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри пешгирӣ ва аз байн бурдани ин мушкилотҳо чораҳои зиёди муассире  роҳандозӣ намудааст, вале аз байн бурдани ин мушкилотҳо ва таҳдидҳо ҳалли худро наёфтааст. Новобаста аз таҳлилу роҳандозии чунин хатарҳои умумиинсонӣ, таҳдиду таъсири он дар ҳоли рушд қарор дорад. Ба вуҷуд омадани таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ ва хатари онҳо ба инкишофи кишварҳои рӯ ба тараққӣ, махсусан ба кишварҳои ҷаҳони дуюм ва сеюм, ки дар ҳолати гузариш аз як зинаи дигар қарор доранд, таъсири ниҳоят манфӣ дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз чунин гурӯҳи  давлатҳое мебошад, ки дар гузариши зинаҳои ниҳоят муҳимму ояндавӣ қарор дорад ва дар пешгирии ин хатарҳо нақши боризу ҳалкунанда мебозад.

Махсусан, дар ҳалли оқилонаи мушкилотҳои байналмиллалӣ Тоҷикистон  дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзида, нуфузи Тоҷикистони  ҷавонро дучанд мегардонад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конференсияҳои байналмиллалӣ иштирок намуда, дар мавзуъҳои хатарҳои ҷаҳонӣ навин баромадҳо намудаанд. Муҳтавои баромадҳои Пешвои миллат аз пешгирии ҷиноятҳои характери оммавӣ-миллидошта, таҳдиди хатарҳои навини ҷаҳонӣ, камшавии захираҳои обии минтақа ва ҷаҳон инчунин пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар минтақа ва ҷаҳон мебошад.

Хуллас, Тоҷикистон бо ташаббуси Пешвои миллат дар ҷаҳон мавқеи муайян пайдо намуда, дар пешгирии хатарҳои навини ҷаҳон бетараф буда наметавонад ва баҳри решакан намудани таҳдидҳои ба миёномада ҳамеша мубориза мебарад.

 

Неъматов Садриддин,  узви ҲХДТ, асистенти кафедраи таърих, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии ДДК

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg