БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОНИ ТОҶИК ЧАРО БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ТЕРРОРИСТӢ МЕГАРАВАНД?

ВОКУНИШ. Мо амалҳои ваҳшиёнаи гурӯҳҳои террористиро тариқи наворҳо мебинем, дар рӯзномаву ҳафтаномаҳо мехонем ва ба гирдоби андешаҳо ғӯтавар мешавем.

Онҳо киҳоянд, ки ба ин амалҳо даст мезананд суолест, пешорӯи мо кушодаву чавобталаб.

Гарчанде  дар Ислом хуни ноҳақ резондан ҳаргиз иҷозат нест, бовуҷуд дар роҳи Худо «ҷиҳод» карда, худро «шаҳид» месозанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд,ки аксари ҷавонони фирефташуда аз табақаи камбизоати аҳолӣ, ҷавонони камсавод, шахсони дар муҳоҷират қарор дошта ва ашхоси аз ҷиҳати руҳиву равонӣ нуқс дошта мебошанд, зумрае аз шахсони дигар бо сабабҳои  мушкилоти рӯзгор ихтиёран ба ҷараёнҳои мазкур пайвастаанд. Дигар сабаби пайвастану побанди гурӯҳҳои террористӣ шудани ҷавонон ин таҳсил дар муассисаҳои динии давлатҳои исломӣ мебошад.

Хулоса, мақсади ҳизбу ҷараёнҳои террористӣ аз тарафи абарқудратҳо дар зери нуфузи худ қарор додани мусулмонон аст. Онҳо ба манфиати кишварҳо хидмат намуданро ҳеҷ гоҳ дар сар надоранд.

Аз ин рӯ, шаҳрвандони кишвари моро мебояд ба ин раванд огоҳона муносибат намуда, хатару паёмадҳои онро дарк намоянд. Фирефтаи суханбозиҳои исломиён нагарданд ва манфиатҳои давлату миллатро барбод надиҳанд.

Як чиро набояд фаромӯш сохт, ин ҳизбу ҳаракатҳо зери пардаи Ислом амал намуда, ниятҳои нопоки худро зимни амалиётҳои ҷангияшон, ки бештар пирону тифлон зарар мебинанд, пиёда месозанд.

Мирзокарим Ғаюров, узви гурӯҳӣ вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Қубодиён.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg