БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КӮДАКОНИ ТОҶИК БЕПУШТУ ПАНОҲ НЕСТАНД

АНДЕША. Ҳодисаи ба Тоҷикистон баргардондани кӯдакони оилаҳои гумроҳшудаи тоҷик аз Ироқ аз воқеаҳоест, ки дар сархати хабарҳои кишвар қарор дошта, фикр мекунам ба торҳои эҳсоси ҳар нафаре нохун зад. Бахусус дидани ҷуссаи хурдакаку наҳифи онҳо ва андешаи он, ки чи фоҷиаеро аз сар гузаронда, чӣ балоҳоеро пушти сар кардаанд, дили ҳар бинандаеро ба дард меовард.

Ин кӯдакони дар ҳукми гул, ки чунин тақдиру қисмат насибашон гаштааст, мебоист ба монанди кӯдакони дигар шухию бозӣ карда мегаштанд. Аз мафҳумҳои «ҷанг», «ҷиҳод», «кофир» чизе намедонистанд. Аммо бо айби волидони кӯтоҳандеш дар беҳтарин айёми зиндагӣ, яъне давраи кӯдакӣ мувоҷеҳ ба сахтиҳои зиёд гаштаанд. Аз ҳоло олуда сохтани мафкураи кӯдакон ба ҷангҷӯӣ ва бо ин мақсад истифода бурдани онҳо бадтарин аъмол аст, ки аз ҷониби аъзои давлати ба ном исломии Ироқу Шом, ин махлуқони одамсурат истифода шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи ҷаҳониро аз хатари терроризму экстремизм огоҳ сохта, хостори ҳамдиливу муттаҳиддии тамоми давлатҳои рӯи ҷаҳонро буд. Баргардондани кӯдакони тоҷики дар минтақаҳои ҷангзада иқоматдошта идомаи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллати мост.

Ин ҷо бори дигар исбот гардид, ки барои террористон ҳеҷ муқаддасоте аз қабили Ватан, модар ва дигар арзишҳои инсонӣ вуҷуд надорад ва мавҷудияти он таҳдид ба амнияти тамоми инсоният дорад. Ҷаҳониён бори дигар шоҳиди он шуданд, ки ТОҶИК дигар миллати парокандаву саргардон нест ва ТОҶИКИСТОН мамлакати воҳиду мустақил аст. Тавонистем собит намоем, ки акнун мо он миллати як замон парешон нестем. Бо раҳнамоиҳои Роҳбари давлати худ имрӯз дар роҳи созандагию бунёдкорӣ қадам зада, иқдомҳоеро пеша мегирему муваффақ мегардем, ки на ҳар давлати пешрафта қудрату тавоноии иҷрои онро дорад.

Хуб дар хотир дорем, ки Пешвои миллати мо, ин фарзанди содиқи Ватан солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ барои баргардонидани гурезаҳои иҷбории тоҷик ва барқарор кардани сулҳу субот дар кишвар чӣ корҳоеро ба сомон расониду бо чӣ мушкилоте дасту панҷа нарм мекард. Маҳз ҳамин азхудгузаштанҳо ва синасипаркуниҳо буд, ки имрӯз хурду калони кишвар бо эҳтироми бепоён Президенти мардумӣ ва Пешвои миллат номаш мебаранд. Номи Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ, ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ МАРДУМӢ ВА СИЁСАТМАДОРИ ХИРАДМАНДУ ДУРАНДЕШ дар саҳифаҳои таърихи миллат то абад боқӣ хоҳад монд.

Нуринисо Ибодуллоева, мудири шуъбаи кор бо занон  ва ҷавонони КИ ҲХДТ  дар шаҳри Левакант

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg