БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАР, КИ ХАНДОНАТ ЯТИМИ ХАСТАРО, БОЗ ЁБАД ҶАННАТИ ДАРБАСТАРО!

АНДЕША. Бегоҳи рӯзи 30 апрели соли 2019 тариқи барномаи телевизионии «Шабакаи якум» намоиши махсус дар асоси дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамкории ниҳодҳои дахлдор ба Ватан баргардонидани 84 нафар ноболиғони тоҷик, ки дар урдугоҳҳо ва маҳбасҳои давлати Ироқ баъд аз пош хӯрдани давлати ДИИШ қарор доштанд, пахш гардид, ки дили ягон бинандаро  бетаъсир намонд.

Иттилои  Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Қазияи шаҳрвандони ноболиғи тоҷик дар Ироқ пурра ба анҷом расид  ва онҳо  дар наздиктарин фурсат ба Тоҷикистон баргардонида хоҳанд шуд».  Бо шунидани ин хабар чашмони зиёди тамошобинонро пуроб намуда, чандин касон дасту дуо ба ҳастии миллат ва роҳбари он бардоштанд.

Аз рӯзҳои аввали ба сари давлат омаданаш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паймон намуда буд, ки ҳама гурезагон ба Ватан баргардонида мешаванд, гумроҳгаштагон аз тарафи давлат ва халқ бахшида,  авф хоҳанд шуд. Имрӯз низ ӯ боз як маротиба нишон дод, ки сухани мард, Сардори давлат ҳама вақт бо  рафтору кирдораш як аст ва далели шайъи ин баргаштани ана ҳамин шаҳрвандони ноболиғ,  ки ғайри ихтиёри худ, чун тассарруфгаштагон аз тарафи падару модари гумроҳ, хешу ақрабои бефикру беандеша ба давлати ғурбатзадаю пурмоҷарои бегона бурда шуда буданд,  худ  ҳалок гаштанд, ё аз ширинии ҷони худ несту нобуд шуданд ва фарзандони онҳо дар кӯчаю майдонҳои давлати ношиносу бегона, бо забони бегона, урфу одати бегона бе як бурда нон, сарпаноҳ ва аз ҳама мудҳиш он, ки  бе пуштибон монданд.

Аз маъхазҳо ва филмҳои  таърихӣ маълум аст, ки дар ҳама давру замонҳо занон ва кӯдакон дар рафти ҷангҳо  як тоифаи осебпазиранду ғалаба бар онҳо аз тарафи ягон ашхос пазируфта намешуд.  Дар таърих аз онҳо ном танҳо бо ҳамин кирдори ваҳшиёнаашон боқӣ мондааст. Барои зӯрдастони имрӯзаи давлати исломии Сурия ва Ироқ ин гузаштаҳо дарс нашуданд. Имрӯзҳо  ҷангҷӯёни тарсу ва нопоки муосир аз қувваи ночизи онҳо низ истифода бурданӣ мешаванд ба хотири шустани пулҳое, ки аз тарафи хоҷагонаш гирифтаанд, тамоми ойну урфу одат, мусулмонӣ  ва дар охир  тинати мардонагии худро аз хотир бароварда,  ба дасти кӯдаки гурусна ва бепаноҳ, ки ақли пуррагашта надорад, ба дасти зани оҷиз, ки аз зӯроварии шаҳвонии ваҳшиёнаи онҳо  идрокашро гум намудааст, яроқ дода, парронданро ёд медиҳад ва ба майдон бароварда, чун қувваи ҷангӣ истифода мебаранду онҳоро барои халосии ҷони худ садр  менамоянд.

Аз ин рӯ иқдоми пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи фарорасии моҳи Шарифи Рамазон аз тарафи мардуми  тоҷик бо шодию сурур ва умед аз ояндаи дурахшон пазируфта шуд.

Боварии комил дорем, ки нисбати 43 нафар зан ва 94 нафар ноболиғи дигар, ки айни ҳол дар асорат ҳастанд гуфтушунидҳо бурда мешаванд ва онҳо низ дар муддати наздик аз рӯи имкониятҳо ба Ватан баргардонида мешаванд.

Туйчиева Садбарг, узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси

вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg