БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРДУМ ДАР АСОСИ СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ХАЙРУ САХО ДАЪВАТ КАРДА ШУДАНД

ХОВАЛИНГ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Чуқурак” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.        

Дар баромад масъулини ҳизбӣ дар бораи сиёсати инсондӯстона, ятимпарварона ва башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ғамхории Пешвои миллат нисбати кӯдакони ятиму бепарастор, аз ҷумла баргардонидани 84  ноболиғ аз зиндонҳои давлати Ироқ,  дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар оид ба дастгирии ятимону бепарасторон, оилаҳои ниёзманд, шахсони якаву танҳо махсусан дар ин моҳи хайру сахо-моҳи шарифи Рамазон, ба таври сунъӣ баланд накардани нарху наво, алалхусус нархи маводи хӯрока ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим суханрафт.

Баъдан Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” доир карда шуда,  сокинон ба корҳои ободонӣ машғул гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg