БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶОМЕА АМАЛҲОИ КОРРУПСИОНИРО ҲАМЧУН КИРДОРИ НОМАТЛУБУ НОСОЛИМ БОЯД ШИНОСАД!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Фарҳанги шаҳр”  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мулоқот баргузор гардид.

Дар кори маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фарҳанги шаҳр” Раҷабова Мавҷуда иштирок ва баромад намуданд.

Зимнан, Орзу Ҳамидиён баромад намуда, баён дошт, ки амалҳои коррупсиониро ҳамчун кирдори номатлубу носолим шиносем. Дар ин ҷода мавсуф гуфт, ки ҲХДТ ва кормандони масъули он кӯшиш бар он доранд, ба дарки ҷомеа коррупсияро ҳамчун амали нангин ва монеашаванда ба рушди давлат расонад ва ҳамзамон ҳисси зиддикоррупсиониро дар замири шаҳрвандон талқин намудан амри зарурӣ мешуморад.

Дар навбати худ Раҷабова Мавҷуда андешаронӣ карда, изҳор намуд, ки мо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ талошҳои худро барои паст кардани сатҳи коррупсия дар ҷомеа равона сохта, дар мубоизаи ин кирдори нангин ва доғи рӯз дар канор нахоҳем буд.

Зимни маҷлис ба нафароне, ки барои аъзо шудан ба сафи ҳизб ариза пешниҳод намуданд, қабул гардида, ҳамзамон ба як нафар фаъоли ҳизб барои фарзандашро ихтиёран ба хизмати Ватан сафарбар намудан, дар доираи Аксияи ҳизбии “Раҳмат ба падару модари ҳомиёни Ватан” бо Сипосномаи Кумитаи иҷроия қадршиносӣ гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg