
КУШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар деҳаи Свердлови ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кушониён бо сокинони деҳа вохӯрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ доир гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин оид ба иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар суханронӣ бахшида ба оғози моҳи шарифи Рамазон зикр намуданд, нигоҳ доштани нарху наво дар бозор ва ба мардум, бахусус қишри кишоварзи ҷомеа фаҳмонидани моҳияти ҷанбаҳои динии моҳи шариф, ки ҳангоми вазнини шуғл надоштани рӯзаро иҷозат медиҳад, андешаронӣ намуданд.
Ҳамзамон, масъулин зимни суҳбат ҷиҳати даъвати шахсони алоҳида, ки нияти адои ҳаҷ доранд, ба корҳои дигари хайриявӣ, аз ҷумла саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ, зебогардонӣ, бунёди марказҳои саломатӣ, таъмири роҳу пулҳо, хати оби нушокӣ ва ғайра дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” раҳнамоӣ карданд.