БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ДАР МАҲАЛ

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар деҳаи Шоҳи ҷамоати деҳоти Навободи ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимнан масъулини ҳизбӣ доир ба дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ  андешаронӣ намуданд.

Инчунин, дар идома масъулин атрофи эҳёи анъанҳои миллӣ, аз қабили қуроқордӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, гилембофӣ ва ҷашну маросим вобаста ба хусусияти этникии ақалиятҳои миллӣ суҳбат ороста, қайд карданд, ки дар баробари тарғиби анъанаҳои миллӣ мебояд, ки насли наврасро низ дар руҳияи хештаншиносӣ ва эҳтиром ба гузаштаҳои аҷдодӣ тарбия кард.

Ҳамчунин дарҷ карда шуд, ки дар замири насли наврас ба ҷои тамошои ҳар гуна филмҳои бадеие, ки тавасути моҳвора  имрӯзҳо пахш карда мешаванд ва ба урфу одати миллии тоҷикон бегона асту ахлоқи наврасонро коста мегардонад, хониши асарҳои нависандагони тоҷикро тарғиб намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg