
КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Равонпизишкӣ” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ маҷлис баргузор гардид.
Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин зимни иштирок суханронӣ намуда, қайд кард, ки ҳар фарде мавқеи сиёсиашро муайян кардаву ба сафи ҳизб мепайвандад, дар назди ҷомеа ва Ватани худ масъул аст, ки барои рушди муносибатҳои навини иҷтимоӣ ва тарғибу ташвиқи гиромидошти арзишҳои ҷомеаи мутамаддин ва давлати демократӣ, амалӣ намудани ғояҳои низоми давлатдории миллӣ, ки аз ҷониби Пешвои азизамон мушаххас гардидаанд, ҳисса гузорад.
Дар баробари ин оид ба дигар паҳлуҳои фаъолияти ҲХДТ ибрози ақида карда шуд.