БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҲЗАТИҲОИ ХОИН БАРОИ ХУДСАФЕДКУНӢ МЕХОҲАНД БО ҲАР РОҲ ХУДРО АЗ ҶИҲАТИ СИЁСӢ ҶАБРДИДА НИШОН ДИҲАНД!

ВОКУНИШ. Вақтҳои  охир  дар  расонаҳои  хабарӣ  садоҳои муғризонаву бешармонаи  намояндагони  ташкилоти  мамнӯъшудаи  экстремистӣ – террористии  Ҳизби  наҳзати  Исломӣ бо  роҳбарии раиси беномусу беори он Муҳидин Кабирӣ  дар  бораи  мазҳабу  миллат,  озодии  виҷдон  ва  ғайраҳо  ба  чашм  мерасанд.  Наҳзатиҳо  мехоҳанд  бо  ин  роҳ  худро  аз  ҷиҳати  сиёсӣ  ҷабрдида  нишон  дода, назари  ташкилотҳои  байналмиллалӣ  ва  мардуми  кишвари  азизамон  Тоҷикистонро  ба  худ  ҷалб  созанд. 

Мо бояд аз рӯирост гуфтани камбудии якдигар натарсем ва аз зиёд будани фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар қаламрави мамлакат низ натарсем. Аз рӯи инсоф ва адолат бояд эътироф намоем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист миёни абардқудратҳо сиёсати хирадмандонаро амалӣ намояд. Нагузошт, ки кишвар қурбони сиёсатҳои кишварҳои хурду бузурги дуру наздик бигардад.

 Албатта бо гузашти замон саҳифаҳои таърих аз корҳои нек ва бад шаҳодат медиҳанд. Ҳар амали анҷомёфта, рӯи қоғази таърих сабт мешаванд ва ояндагон бо ёдоварӣ аз мутолиаи кардаи худ ба он баҳои мусбат ва манфӣ хоҳанд дод.

Имрӯзҳо мо агар ба рӯзҳои гузашта назар намоем, ба хотир мерасад, ки чӣ фитнаву хархашаҳо дар кишвари азизамон маҳз бо саҳмгузории ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ ба амал омаданд. Ватани маҳбубамон дар саргаҳи нобудӣ қарор дошт. Тоҷикистон ғарқ дар хуни ҷигаргӯшаҳои хеш буд. Қисме аз фарзандонаш аз ҳодисаҳои ноамнӣ худро ба дарёҳо, куҳҳо ва кишварҳои бегона мезаданд. Хулоса ин ки ояндаи Тоҷикистони маҳбубамон торик менамуд.

Хушбахтона, бо фазли Илоҳӣ нафаре ба сари қудрат омад, ки мардуми парокандаро ҷамъ сохт, сари ятимонро сила намуд, дасти кӯмак ба камбизоатон дароз кард, заминро дар ихтиёри мардум гузошт ва аз пайи ободии кишвари худ камари ҳиммат баст, ки имрӯз натиҷаи он роҳҳои мумфарш, нақбҳое, ки дар қалби кӯҳҳо шикофта шуд, сохтмонҳои нерӯгоҳҳои барқӣ, таъсиси мактабу кӯдакистон, муассисаҳои табобатӣ, корхонаҳо ва ғайра мебошанд, ки инро хизмат ба халқу Ватан маҳсуб медонанд.

Ин ҳама ободӣ дар саҳифаҳои таърих боқӣ хоҳад монд, ки абардмарде замоне аз барои бақои кишвар ва мазҳабу миллаташ ҷони худро сипар сохта, ҳама мушкилоти ба амаломадаро таҳаммул намуда, Тоҷикистон ва тоҷикистониёнро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

Ин абардмард бо шиори сулҳ бештар дар саҳифаҳои таърих аз худ номе боқӣ гузошт, ки хурду калон имрӯз мегӯянд: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.  Имрӯз, ки манфиати азҳоби ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳатто як тангаи пуч ҳам ба ин кишвару ҷомеа нарасидааст, балки зарарашон ба кишвару ҷомеа доғ овардааст, дар саҳифаҳои таърих сабт хоҳад шуд.

Дастандаркорони ТТЭ ҲНИ аз хориҷи кишвар тавассути шабакаҳои интернетӣ, барномаҳои телевизионӣ ва радиоҳои хориҷӣ нисбати кишвари мо бадгӯиҳо мекунанд, албатта ин хидмат барои хоҷагонашон мебошад, то ки боз маблағе ба даст оварда, мақоми худро истеҳком бахшанд. Агар чунин накунанд, албатта метавонанд хоҷагонашон онҳоро аз худ дур сохта, аз маблағҳои ҳангуфт маҳрум созанд. Хуласи калон ин ки барои аҳли ҷомеаи имрӯза гуфтанӣ ҳастам, ки ба гуфта ва дасисаи чунин ашхос набояд фирефта шуд ва амнияти кишварро халалдор намуд. Бояд ҳар фарди ҷомеа ақли солими худро кор фармуда, Ватани маҳбубамонро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд.

 

Маҳрамова Ҳикоят- узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg