БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАБОИ АСР

ВОКУНИШ. Шунидани ин калимаҳои машъуми «Террорист, экстремист...» вуҷуди ҳар як шаҳрванди бедордилро ба ларза меорад. Ин калимаҳо тамоили ифрот ва ҷабру кушторро ба бор меорад, ки ин амал танҳо ба шахсони ифротие, ки марзу бум, модару Ватан надоранду пайваста ба ин ҳамаи дороию муҳаббати инсониро танҳо ба бандчаҳои пул иваз менамояд. Имрӯз вобаста ба масъалаву мушкилоте, ки ҷомеаи мо ба онҳо рӯ ба рӯ меоянд, худи вақт, худи замон аз мо талаб мекунад, ки мо онро нодида нагирем ва дар тан ҷон дорем бо он муборизаи беамон дошта бошем.

Дар замони муосир тезу тунд шудани муносибатҳои геополитикӣ дар байни давлатҳои абарқудрат боиси ривоҷ ёфтани ҳаракатҳои гуногуни ифротгаро гардидааст. Чунин ҳизбу ҳаракатҳои, ки тамоюли динӣ доранд, бевосита аз тарафи давлатҳои манфиатдор маблағгузорӣ карда мешаванд. Ин маблағгузорӣ ба он оварда мерасонад, ки аз як тараф муфлисон, камбизоатон ба сафи онҳо шомил гарданд, аз тарафи дигар харобиву костагии фарҳангӣ чун занҷири оҳанин сӯйи хеш мекашад. Ба тамоми мусулмонони дунё маълум аст, ки дини мубини Ислом мазҳаби солим, тавоно, одил боинсоф мушфиқ, адолатхоҳу инсонпарвар аст. Аммо харобиву заифӣ ва костагию наздикбинӣ  нисбати дини мубини Ислом ба он оварда расонид, ки ҷараёнҳои дигари динӣ ба монанди Ҳизб-ут-таҳрир, Салафия, Ансоруллоҳ, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Ҳизби наҳзати ислом, Ҷамоати таблиғ, Ҷамоати исломии Покистон, Ҷабҳаи Аннусра, Ҳаракати толибон, Ал-қоида, Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ, Давлати исломӣ (ДИИШ) ва дигар ҳизбҳои мамнуъи зараровар пайдо шудаанд.

Шояд душманони солҳои 90-уми қарни гузашта аз хубии соддалавҳагиамон истифодат карда, моро ба ҷанги бародаркушӣ оварда расонида бошанд.

Таърихнигорон ва мардуми фарҳангпешаи мо хуб медонанд, ки миллати мо дар тӯли таърихи гарону вазнину хунин,  зери ҷабру зулм, шиканҷаву зӯроварии истилогарон қарор гирифтааст, ҷабру зулм ва истибдоду кушторро хуб дарк кардаанд. Далели он то солҳои даврони ҷанги шаҳрвандӣ, ки солҳои 1992-ум оғоз гардид, нишон дод. Дар ин ҷанги ноодилона ҳазорҳо ҷавонон зери дассисаҳои ифротӣ, экстремистию террористӣ гирифтор гашта, ҷони ҷавони худро аз даст додаанд. Ҳазорҳо занони ҷавон бе шавҳар, ҳазорҳо кӯдакон аз падар маҳрум, ҳазорҳо иморату хонаҳо вайрону дороӣ ба яғмо бурда шуд. Иқтисодиёти мамлакат ба сифр омада расид.Фарҳангу маънавиёт коста, ҷаҳолату куштор ва яроқи маргбор ҳукм меронд.

Ин даҳшат моро ҳушдор дод, ки дигар ба ҳар гуна дассисаҳои иртиҷоӣ дода нашуда, Ватани азизи аҷдодиро эҳтиром намоем. Қадру манзалати тинҷию озодиро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем, марзу бум, якпорчагӣ, ваҳдат, сулҳу салоҳро пешаи ягонаи худ шуморем. Пешвои сулҳофари Худодро, ки Парвардигор барои мо ато намудааст ва Конститутсияи тақдирсози худро то дуриҳои дур қадру эҳтиром намоем.

Дар солҳои наздики начандон дури гузашта маълум шуд, ки ТЭТ ҲНИТ дар асл худро ҳомии дину оин хонда мардуми оддии зудбоварро ба доми ифротии худ гирифтор карда, ба ҳизби ифротӣ аъзо карданд. Дар ҷайби сиёсати имрӯзин, истифода аз виҷдони софи мо бо дасисаҳои афсонавӣ гурӯҳи террористиро созмон дода, мамлакати гулгулшукуфии моро бори дигар ба хун оғушта кардани шуданд. Бо ин васила аз хоҷагони хориҷии худ маблағҳои ҳангуфтро соҳиб мешуданд. Бинобар ин барои ватангадою ватанфурӯшон модару Ватан як қатрае арзиш надошт, ба гуфтае- террорист ва ифротгар миллату Ватан надорад.

Хушбахтона сиётмадорони ҳушёру бедордил аз рафтор ва мақсади ноодилонаи роҳбарони ин ҳизби ифротӣ огоҳӣ ёфта, зиракии сиёсиро аз даст надода, бо ин роҳ шахсони ифротии ватангадоро, ки террору экстремизмро пешаи худ карда, Ватани азизамонро ба гарав гузошта, онро бори дигар ба гирдоби ҷангу куштор табдил дода, соҳиби давлат шудани буданд, огоҳ шуда, фаъолияти ин ҳизби экстремистӣ-террористиро мамнуъ эълон намуд.

Бо ин васила роҳбарони он дар хориҷи кишвар ба сиёсати пешгирифтаи мо сангпартоиҳо менамоянд, тафаккури одамонро, махсусан ҷавононро дар сояи дини муқаддаси Ислом заҳролуд месозанд.

Ҷавонони Тоҷикистон дар шароити имрӯза дар соҳаҳои гунгуни халқ, ташкилоту муассисаҳои мамлакат фаъолият намуда, дар созмонҳои ҷамъятии худ муттаҳид гардидаанд, бояд на ба таблигу ташвиқи ифротии мардуми ғайр, гирифтор шаванд, балки бо заҳмату гайраташон баҳри фардои дурахшони Ватани хеш, бунёди ҷомеаи шаҳрвандии миллӣ пойдевори устувор гузоранд .Кишвари худро ба инкишофи умумибашарӣ дар пайвастагӣ бо суннатҳои миллӣ пеш баранд. Зеро фардо аз имрӯз ибтидо мегирад. Танҳо меҳнати созанда, дониши мукаммали замонавӣ ва маърифати баланди ҳуқуқиву сиёсй суботу тараққиётро дар мамлакат таҳким бахшида, зиндагии шоистаи тамоми қишрҳоро дар ҷомеа таъмин менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар соли 1998 таъкид намуда буданд, ки: «Давлат барои рушд ва ҳамкорй бо созмонҳои ҷавонон ва наврасон, ки фаъолияташон ба баланд бардоштани маърифати маънавию ҳуқуқӣ, нақши ҷавонон дар равандҳои ҷамъиятию сиёсй, афзудани саҳми онҳо дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандй мусоидат менамоянд, манфиатдор аст».

Роҳбари донои ҳушманд бо пуштубонии ҳар як фарди бедордил, қонунҳоеро ба имзо расонид, ки онҳо барои беҳтар дарк намудани қимати ватандори, одоби тоҷикона, пос доштани забони миллат, одобу рафтори тоҷикона, ба камол расидани наврасони ҷавонони миллат, нақши муассире мебозад. Аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълпму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯровари дар оила», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва дигар санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ поягузор, танзимкунанда ва солимгардонии сиёсии ҷавонону наврасон мебошад.

Имрӯз ҷавононро мебояд, ки ба ҳарфи ҳар шахсу гурӯҳи гаразнок фирефта нашуда, ҳарфи падару модар ва ба ҳар як ҳарфи пандомӯзи омӯзгорон гӯш андозанд, ақли солимро баштар истифодат намоянд.

Мо имрӯз дар фазои ободу осудагй зиндагй менамоем, ки дар ин сарвари нотакрори мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллй, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон асос гузошт, маҳз сиёсати хирадмандонаи раиси ХХДТ мардум ва миллатро аз вартаи ҳалокат, аз гирдоби бозиҳои сиёсй берун овард.

Маҳмадкарим Додхудо, узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Қубодиён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg