БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ МОРО БА ШУКУФТАНҲОЮ ОБОДИИ ВАТАН МЕБАРАД!

АНДЕША. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ  ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли  2018-ро  барои мардуми Тоҷикистон соли  таърихӣ  ном бурданд. Ҳақиқиқатан ҳам  соли  2018  барои мардуми Тоҷикистон соли  бобарор ва пурфайзу баракат  буд.

16-уми  ноябри  соли   ҷорӣ агрегати аввалини Нерӯгоҳи обии барқии Роғун ба  кор андохта шуд, ки  он  маҳз бо заҳмату талошҳои созандаю бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллатамон амалӣ гардид, ки  ин  яке  аз  дастовардҳои бузуги халқи тоҷик  дар  замони соҳибистиқлолӣ  ба  шумор меравад. Маҳз бо пурра  ба  кор даромадани  ин  иншооти бузурги тақдирсози миллат, тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат рушду нумуи тозаро касб намуда,  дар  роҳи расидан  ба  ҳадафи олӣ, яъне  ба  қатори давлатҳои пешрафтаву тараққӣ карда расидани Тоҷикистон қадами устуворе гузошта хоҳад шуд.

Дастоварди дигаре, ки барои мардуми тоҷик хеле назаррасу зарур буд  ин  барқарор гардидани муносибатҳои дӯстонаву бародаронаи байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба  шумор меравад. Бешубҳа  ин саҳифаи  нави  таърихист, ки бо шарофати  он  минбаъд мардуми тоҷику ӯзбек ба  комёбиҳою муваффақиятҳои нав ба нав ноил мегарданд. Натиҷаи хурсандовари  он  барои оилаи мо  дар  он аст, ки апаам бо ҳукми тақдир  дар  шаҳри Термези Ҷумҳурии Ӯзбекистон зиндагӣ рӯзҳои наздик ӯ ҳамроҳи фарзандонаш  ба  Ватан омада,  аз  наздик  ба  дидори якдигар расидем ва бемамоният  ба  ҷои зисташ  баргашт. Ин  пеш  аз  ҳама бо шарофати хизматҳои пайвастаи Сарони ду давлати бо ҳам дӯсту ҳамсоя амалӣ гардид.

Зимни ироаи Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  масъалаи дастгирии соҳибкорон муфассал  истода  гузаштанд, ки   саҳми соҳибкорон  дар  пешрафти иқтисодиёти кишвар муфассал баён намуда, барои дастгирии соҳибкорон  дар  солҳои  2019-2020  тамоми санҷшҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар  соҳаи истеҳсолӣ маън  карда  шуд.  Инчунин, бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон  дар  кишвар   «300 рӯзи ислоҳот оид ба  дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ» пешниҳод ва амалӣ мегардад.

Бо мақсади вусъат бахшидан ба  ҳалли масъалаҳои деҳот, боз ҳам  обод  намудани кишвар, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолии деҳот,  солҳои   2019-2021  « Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  эълон гардид, ки мақсади Ҳукумати мамалакат ба  хотири боз ҳам обод  кардани Тоҷикистон мебошад.

Дар Паём  ба ҳамаи бахшҳои ҳаёти давлатдорӣ баҳои сазовор дода шуда аз  вазъи ноороми ҷаҳони муоссир дар  шароити шиддат ёфтани рақобатҳои геосиёсиву геоиқтисодӣ таҳдиди хатарҳои глобалӣ ҳаматарафа таҳлил гардида,  ҳимояи манфиатҳои миллӣ идома ёфта,  барои пешрафти самарабахши онҳо пайваста кӯшиш  ба  харҷ дода мешавад.

Мо  ҷавонон, ҳар  як  фарди бонангу  ори  кишвар бо назардошти вазъи ноороми минтақа ва ҷаҳон зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст  надиҳем, Ватани соҳибихтиёри маҳбубамонро дӯст дорем ва ба он содиқ  бошем.  Тамоми сайъу талоши худамонро  ба  хотири пешрафту нерӯманд гардонидани  он ва  дар  арасаи байналмилалӣ бозҳам  баланд  бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона созем.

Ба сулҳу субот ва оромии кишварамон шукрона гӯем, ба  қадри дастовардҳои даврони соҳбистиқлоли бирасем ва тамоми саъю талоши худро  ба   рушду тараққӣ ва ободии Ватани маҳбубамон равона созем.

 

Шодмонбек Остонақулов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва

занони  КИ  ҲХДТ  дар  ноҳияи Носири Хусрав

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg