БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚОНУНИ ТАНЗИМ – РАҲОИИ МАРДУМИ КИШВАР АЗ ХУРОФОТ ВА РАВАНДИ БЕГОНАПАРАСТӢ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Барои густариш додани ҳамкориҳо ва бештар кардани корҳои тарғиботӣ ҷиҳати огоҳӣ пайдо кардани ҷомеа аз ҳадаф ва мақсадҳои созандаи ҲХДТ кормадони масъули ҳизбӣ дар шаҳри Кӯлоб бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоту муассисаҳо нишасту мулоқотҳоро баргузор намуда истодаанд.

Бо дарки ин масъулият дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сарёзидашт” маҷлис доир карда шуд.

Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сарёзидашт” Пираков Парвиз иштирок ва суханронӣ карданд.

Зимни суҳбат Орзу Ҳамидиён баромад намуда, изҳор кард, ки аз наҳси ҷанги таҳмилӣ дар солҳои аввали саҳибистиқлолӣ дар баробари аз миён рафтани суботи сиёсӣ низоми иҷтимоӣ низ ба тадриҷ аз даст рафта, дар ин замина дар пайи пайдоиши ақидаҳои барои ба вуҷуд омадани расму оинҳои бегона, ифроту тафрит ва раванди бегонапарастӣ ба таври ноайён замина фароҳам оварда шуд. Хушбахтона, соли 2007 ба хотири ба низом даровардани муҳити иҷтимоиву маънавии кишвар ва аз байн бурдани раванди бегонапарастӣ бо дархосту пешниҳодҳои сокинон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуд.

Ҳамзамон, Пираков Парвиз дар баромади хеш чунин қайд дошт, ки қонуни танзим, хусусан ба оилаҳои мотамзада, ки харҷи маросими он як мотами бузургу дигаре мансуб меёфт, ёриву мададе гашт барои осудани шахсони азодор аз бори вазнини иқтисодӣ. Аз ин рӯ эҳтиром ва риояи ҳатмии он қарзи ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg