
Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шафтолузор»-и ҷамоати деҳоти Узуни ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар аввал мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алиев Зафар доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва баланд бардоштани ҳисси табиатдӯстии шаҳрвандон суханронӣ намуд.
Ҳамзамон мудири шуъбаи кор бо ҷавони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Нуруллоев Саъдулло ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози ақида намуда, сокинонро ба созандагию бунёдкорӣ даъват намуд.