БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФИ АСЛИИ ҲХДТ БАҲРИ ТАРАҚИЁТИ КИШВАР РАВОНА ШУДААСТ!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Таълими калонсолон” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот мудири шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Таълими калонсолон” Тағоев Бурихон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, зимни мулоқот қайд гардид, ки имрӯзҳо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!” садоқати худро ба арзишҳои соҳибихтиёрӣ, демократия ва баробарҳуқуқӣ эълон дошта ва барои тарақиёти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро амалӣ карда истодааст.

Дар ин росто таъкид гардид, ки ҳар як аъзои ҲХДТ-ро мебояд бо дарки масъулияти баланд зери шиори ҳизб сарҷамъ шуда, баҳри пешрафти Ватани азизмон пайваста саҳмгузор бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg