БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҒАМХОРИ МИЛЛАТ АСТ!

ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Фатҳобод» дар доираи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва доир ба баргардонидани 84 нафар кӯдакони тоҷик аз Ироқ ба Тоҷикистон чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар рафти чорабини Бекмамад Асалмамадов атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфасал суханронӣ намуда, қайд кард, ки мо тоҷикон бо Пешвои худ ифтихор дорем, чунки барои халқи тоҷик Президенти ғамхортарин ба шумор меравад. Боиси  тазаккур аст, ки бо дастури бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 84 нафар шаҳрвандони ноболиғи тоҷик аз Ироқ ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.

Мавриди зикри хос аст, ки баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус ноболиғон аз мамлакатҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия яке аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg