БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БИЁ ЭЙ ҲАМВАТАН ДАР ОБОДИИ ВАТАН САҲМГУЗОР БОШЕМ!

ХУРОСОН.Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Навобод-2»-и ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъулини ҳизбӣ доир ба дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ аз ҷумла  ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ба Ватан баргардонидани 84 нафар ноболиғони тоҷик аз зиндонҳои давлати Ироқ ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз суханронӣ карданд. 

Баъдан дар партави Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» тариқи ҳашар пули мошингузари деҳа таъмираш идома дошта, то ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg