
НОРАК. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Комиҷроия” хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Гулмуродзода Қумринисо дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб андешаронӣ намуд.
Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ҳамагон ба тозаю озода кардани атрофи бинои маъмурии Кумуитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ саҳм гузоштанд.