
МУЪМИНОБОД. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Балхобӣ» дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ оид ба дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ андешаронӣ намуда, ҳамагонро ба корҳои ободонӣ даъват карданд.
Баъдан сокинон дар партави Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ба корҳои ободонӣ саҳм гузошта, чанде аз онҳо иброз доштанд, ки чунин корҳои созандагӣ то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо мааром ҷараён дорад ва инҷашни пурифтихори давлату миллатро бо дастовардҳои назаррас истиқбол хоҳанд гирифт.