БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

“СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ” – ОМИЛИ БАЛАНДБАРДОРИИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ

КӮЛОБ. Дардоираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб мутобиқи нақша дар ташкилоту муассисаҳо, деҳаю маҳаллаҳо бо мардум вохӯриҳо доир намуда, оид ба нуқтаҳоии асосии Паём, хусусан вобаста ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба хотири баланд бардоштани урфу одат, анъанаҳои неки мардумӣ ва рушди деҳот корҳои тарғиботию ташвиқотиро бурда истодааст.

Дар робита ба ин дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “И. Сомонӣ” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирузи Саидмӯъмин дар вохӯрӣ оид ба эҳёву барқарор намудани ҳунарҳои мардумӣ, ҳифзи анъанаҳои неки маишӣ ва рӯзгори оилавӣ, инчунин моҳияти эълон шудани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ибрози аншеда намуд.

Инчунин, роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “И. Сомонӣ” Салимов Нурулло баромад намуда, қайд кард, ки боиси сарфрозӣ ва ифтихор аст, ки Кӯлоби бостонӣ аз кадим бо ҳунару ҳунармадони хеш машҳур буд, ки то имрӯз ин ҳунарҳо аз насл ба насл гузаштааст.

Дар охир аз ҷониби иштирокдорон гуфта шуд, ки соҳаи сайёҳӣ муррифкунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои нек ба ҳисоб меравад барои рушди ин соҳа дар ҳамбастагӣ иқдом хоҳем кард.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg