БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРРУПСИЯ ПАДИДАИ НОМАТЛУБИ ИҶТИМОӢ БУДА, ДАР БАРОБАРИ АМАЛҲОИ ТЕРРОРИСТИЮ ЭКСТРЕМИСТӢ БА ҶОМЕА ХАТАРИ ҶИДДӢ ДОРАД!

ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Розиқобод» атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ чорабинии таблиғотии ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Бекмамадов Асалмамад  иштирок намуда, атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфасал баромад намуд. Зимни баромади худ иброз дошт, ки ҷиноятҳои коррупсионӣ дар баробари экстремизму терроризм барои ҷомеа хавфнок буда, пешгирӣ ва муқовимат бар зидди он вазифаҳои асосии ҳар як шаҳрванди ватандӯст ба ҳисоб меравад. Гузашта аз  ин бояд ёдовар шуд, ки мақсади ҳар як ҷомеа, давлат ва роҳбарияти сиёсии он ташкилу таъмини ҳаёти хушу хуррам ва осудаву ороми халқу диёраш, сарсабзӣ ва сарбаландии миллаташ дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Дар фарҷоми ҷорабинӣ Асалмамад Бекмамадов аз иштирокчиёни чорабинӣ даъват ба амал овард, ки дар мубориза бар зидди кирдорҳои коррупсиони дастаҷамъона саҳмгузори кунанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg