
ДӮСТӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ин суханҳо сокинони деҳаи Панҷруди ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл дар мулоқоти намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар деҳаи мазкур аз амали неки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баргардонидани 84 нафар кӯдакон аз давлати ҷангзадаи Ироқ ёдоварӣ намуда, изҳори миннатдорӣ ба ғамхории Пешвои миллатро баён намуданд.
Дар мулоқоти мазкур аз дастовардҳои кишвар, рушду нуму ва хизматҳои арзандаи Пешвои миллат, ки пайи қадамаш файзбор аст, ёдоварӣ карда шуд. Дар охир дар партави Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ин моҳи мубораки Шарифи Рамазон сокинон иқдом гирифтанд, ки ба мактаби деҳа мизу курсиҳои дарсиро ба хонандагон туҳфа намоянд.