БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДИВУ БУНЁДКОРӢ ЯКЕ АЗ ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ МАРДУМИ ТОҶИК МЕБОШАД

ДАНҒАРА.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Маликова”-и   ҷамоати деҳоти Оқсу  хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ  Каримов Пирмуҳаммад  раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб иштирок намуда, ҷиҳати  ба мардум фаҳмонидани натиҷаи манфии пайвасти шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористӣ- экстремистӣ ва амалҳои ваҳшиёнаи онҳо, бунёди муассисаҳои таълимӣ, маркази саломатӣ, сангфарш ва мумфарш намудани роҳҳои деҳа, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои  рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои худро баён  намуда, аз иштирокдорон ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил кардани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  даъват ба амал овард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg