БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НЕРӮИ БАРҚ – ИН САРВАТИ БЕБАҲОРО БО САРФАВУ ЭҲТИЁТКОРӢ БОЯД ИСТИФОДА КАРД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар заминаи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ зарур мешуморад, ки корҳои тарғиботиро ҷиҳати расонидан ба дарки ҷомеа, ки истифодаи лампаҳои тафсон ва дигар воситаҳои гармидиҳии ғайристандартӣ дар маҷмӯъ ба кори муътадили системаи энергетикии кишвар таъсири манфӣ мерасонад, мунтазам дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намояд.

Дар ҳамин замина дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Таваллудхонаи вилоятӣ” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ роҳандозӣ гардид.

Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирузи Саидмӯъмин ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Таваллудхонаи вилоятӣ” Ёрмадова Зифнунбӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимнан, дар вохӯрӣ аз ҷониби иштирокдорон гуфта шуд, ки омилҳои зиёде ҳастанд ва бо чашм айён дида мешавад, ки қувваи барқ ғаримақсаднок аз тарафи бархе сокинон истифода мешавад. Яъне истифодаи нерӯи барқ бе ҳисобкунакҳои барқӣ, ба таври пинҳони кишидани хатҳои барқ ба манзилҳои истиқоматӣ ва истифода бурдан аз лампаҳои тафсону серхарҷ, ки ин омилҳо бешубҳа метавонад ҳам ба иқтисодиёти давлат ва ҳам ба буҷаи оилавӣ зарари калон расонад.

Ҳамзамон таъкит шуд, ки ҳар яки моро зарур аст ин сарвати бебаҳоро бо сарфаву эҳтиёткорӣ ва мақсаднок истифода бурда, ҳаққи хизматрасонии барқро саривақт ва бовиҷдонона пардозем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg