БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НАСЛИ НАВРАС ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС ДОРАНД!

БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и шаҳри Бохтар мулоқоти судманд доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ доир гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал оид ба дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ  ибрози назар карда, афзуд, ки яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи имрӯза  ба Ватан баргардонидани 84 нафар шаҳрвандони ноболиғи тоҷик аз мавзеъҳои ҷангзадаи давлатҳои Ироқу Сурия мебошад. Ин амали хирадмандонаи Пешвои миллат боиси сарфарозӣ ва руҳбаландии мо тоҷикистониён гардид. Зеро Роҳбари давлат ҳамеша ба кӯдакону наврасон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.  

Инчунин, мавсуф дар идома зикр намуд, ки итминони комил дорем, бо дастгирӣ ва супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат боқимонда шаҳрвандони Тоҷикистон аз асорати гурӯҳҳои террориству экстремистӣ озод гардида, ба Ватан ва ҳаёти осоишта баргаронида мешаванд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg