
Ҷайҳун. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии “Куҳдоман” дар доираи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар рафти баргузории чорабинии ҳизбӣ мудири шуъбаи таблиғот, итиллоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳия Бекмамадов Асалмамад, вобаста ба самтхои афзалиятноки фаъолияти ХХДТ муфасал суханронӣ намуда, қайд кард, ки яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи имрӯзи мо тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳи, баланд бардоштани тафаккури миллӣ дар ниҳоди онҳо ба шумор меравад.