БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ВАТАН ОЗОДИИ МО ШАҲРВАНДОН АСТ

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Шамолдара”-и  ҷамоати деҳоти Себистон  хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Каримов Пирмуҳаммад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар хониши сиёсӣ иштирок намуда, атрофи масъалагузориҳои  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ, ба Ватан баргардондани 84 нафар ноболиғони тоҷик аз зиндонҳои давлати Ироқ, ҳамчунин ҷиҳати  ба мардум фаҳмонидани натиҷаи манфии пайвасти шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористӣ- экстремистӣ ва амалҳои ваҳшиёнаи онҳо махсусан давлати исломӣ (ДИИШ)  андешаҳои худро баён  намуд.

Инчунин, мавсуф дар охир ҷиҳати  аз даст надодани зиракиву хушёрии сиёсӣ расидан ба қадри заҳматҳои беназири Роҳбари давлат  васаҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ аз ҳамагон даъват ба амал овард. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg