БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

УМЕДИ 84 НОБОЛИҒИ ТОҶИК ФУРУЗОН ГАШТ

АНДЕША. Аслан родмардони Ватанро, фарзонагонро модарони ботақво, боиффат ва диловар тавлид мекунанду шир медиҳанд.

     Аҳсан ба он зан – модар ва фариштае, ки барои бахши тоҷикон некумардеро дар домани биҳиштиаш ба воя расонида, родмардеро ба арсаи сиёсат оварда ва фариштасиратмардеро ҳомии тоҷикони олам тавлид кард.

     «Ман ба Шумо сулҳ меорам ва то охирин гурезаи тоҷикро ба Ватан бознагардонам, худро ором ҳис намекунам» қасам ёд карда буд, ин таҳамтан.

     Имрўз тамоми ҷаҳониён бори дигар эҳсос карданд, ки мардуми тоҷик соҳиби писари бонангу номус аст ва ҳанўз фаромўш накардааст, ки бо шири модар қасам хўрда, ки Тоҷикистони азизамро, хоку обашро, аслу насабашро ҳифз хоҳад кард.

     Ҳодисаи нангини дар маҳбасҳо, зиндонҳо, боздоштгоҳҳо ва марказҳои нигоҳдории кўдакон дар Ироқ нигоҳ доштани 43-нафар зан ва 95-нафар кўдак барои мардуми мо зарбае буд сахт. Ҳофизи бузургвор барҳақ гуфта;

Вои зан чун ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд, в-он кори дигар мекунанд.

     Сад ҳайф, ки баъзе аз шаҳрвандони мо, новобаста аз зиндагии орому осуда, аз доштани он ношукрӣ мекунанд, фирефтаи макру риё мегарданд, хонаи ободи худро ба вайрона табдил медиҳанд.

     Бархе аз ҷавонон ончунон маѓзщўй шудаанд, ки ҳатто раҳм ба ҷони фарзандони худ надоранд. Ганҷи қорунро орзу карда, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, бо ном давлати исломӣ пайвастанд ва акнун худ куштаву занҳояшон мутаалиқи чанд марди дигар, кўдаконашон бо чашми чор роҳи падару модар мепоянд, ба умед, ки барояшон нону қанд, бозичаҳо меоранд, вале ҳайҳот……..

     Месазад, ки аз меҳрубониҳо, сулҳхоҳиву поктинатии марди миллат–Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарси ибрат омўхт.

     Бо дастуру супоришҳои дурандешонаи Сарвари муаззами миллат имрўз дар дили 84-нафар кўдаки тоҷик умеди зинда мондан, орому осуда зиндагӣ кардан, бе тарсу ваҳм нон хўрдан, бо суруди «алла» аз хоб хестан фурўзон гашт.

     Умед дорем, ки ҷавонони мо аз ин ҳодисаи нангин дарси ибрат меомўзанд, номуси миллиамон бедор мешавад, шарафи духтарони тоҷикро ҳимоя мекунанд, кўдаконамонро дарси матонату мардонагӣ меомўзанд, намегузоранд, ки бо мўйҳои фатила ва дастчаҳояшон ҷорўбкаши мулки бегона–террористони оянда, душмани худи онҳо шаванд.

Подшоҳзода Нуринисо Кароматулло,

муовини раиси ноҳияи Хуросон, вакили

Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg