БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МИРЗО САЛИМПУР ШАБАКАИ ИҶТИМОИИ «АХБОР.КОМ»-РО ИФРОТӢ КАРДААСТ!

ВОКУНИШ. Рисолати рўзноманигор ҳақиқатро ба дарки мардум расонидан аст. Вале мешавад ҳолатҳое, ки баъзе ба ном рўзноманигорони «муваффақ» ҷойи ҳақиқатнигорӣ таҳаввулоту воқеаҳоеро ба таври муғризию яктарафа расоноӣ мекунанд. Ҳодисае  рўй надодаю  ғаразнок ҳангома сохта ҷомеаро ба таҳлука меандозанд.

     Мирзо Салимпур дар радифи рўзноманигорони ба ном «муваффақ»-у сарсахт ҳодисаҳоро шаб дар хобаш мебинаду ба ақидаи кўчагии «кампирҳои лаби об» онҳоро бо хабарҳои бофтаю сохтаи ба таъби дилаш мувофиқ дар шабакаи иҷтимоии таъсисдодааш  «Ахбор. ком» мегузорад.

    Ба ақидаи ў гуё кадом як мансабдори давлатиро аз кор гирифтаанду дар утоқи кориш рўзҳои охир комёфт шудааст. Ё кадом як зани тоҷики муқими давлати Русия духтари 13-солаи худро ба кадом як муҳоҷир фурўхтааст. Ба ҳамин монанд садҳо хабарҳои ҳангомасозу ифротгаро ва  хариду фурўши дигар, ки худи Мирзо Салимпур медонаду халос.

    Обрўи рўзноманигории М.Салимпур ба мисли ситораи қариби субҳ аст, ки бо муддати муайяни вақт аз хотирҳо зуд фаромўш хоҳад шуд. Агар ба он гунае, ки М Салимпур ҳаёти ҷомеаро ба иборае «таҳлилу баррасӣ»  мекунад 10 рўзноманигори ҳамсони ў бошад дар кишвар мавҷи нофаҳмию  якдигарбадбинӣ ва адовату душманӣ аз сари нав аланга хоҳад гирифт.

    Алҳазар аз чунин таҳлилу баррасӣ ва расонаӣ кардани хабарҳои бардурўғу иғвоангез ва   табар задан ба аслу решаи хеш.  

Неъматов Абдулҷаббор –мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ш. Шоҳин                                                                                          

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg