БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БОЯД АҚЛИ СОЛИМРО БА КОР БУРД!

ВОКУНИШ.Филми мустанади  «Бозгашт ба ҷаҳаннам»,  ки дар асоси хотираҳои яке аз муассисаони  ТТЭ  Ҳизби наҳзати ислом   Айёмиддин Сатторов таҳия ва ба навор гирифта шудааст, диққати ҳар як нафар  бинандаро  ба ҳадафҳои ғаразноки ТТЭ ҲНИ  ва дастгирии молиявии  хоҷагони хориҷии онҳо, аз ҷумла  Ҷумҳурии  Исломии Эрон  ошно намуда, бо далелҳо таъкид менамояд, ки фаъолияти ҲНИ аз рўзи таъсисёбиаш бо мақсадҳои  нопоки худ ноором намудани авзои сиёсию иҷтимоии Тоҷикистон, ба даст овардани мансаб, пулу молу сарват мебошад.

       Ў дар филми мустанади  мазкур оид ба куштори чеҳраҳои намоёну  машҳури тоҷик, аз ҷониби аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки бо дастуру супоришҳои  хоҷагони хориҷиашон амалӣ гардида буданд, нақл карда мешавад. Магар шахсе ба фикру баҳуш набуд дар он миён, ки гўян эй мардум бо ин кирдор шумо то ба куҷо меравед?, охир давидани гўсола то каҳдон аст!

       Дар  ҳафтаномаи «Минбари халқ» андешаҳои журналист ва коршиноси масоили сиёсӣ Додоҷон Атовуллоев  дар мақолаи  «Тавба ё роҳрез ба хотири 150 000 нафар қурбониёни ҷанги бародаркуш»  оиди ҳодиса ва руйдодҳои ҳамон вақта, ва имрўза аз карда пушаймон гаштани муаллиф  хело ба тафсил нақл карда шудааст.  Ҳеҷ кор бепушаймонӣ нест ва ин мақола далели пушаймонии Додоҷон Атовуллоев аз кардаҳои худ мебошад, ва боз як маротиба исбот намуд, ки ҳеҷ гоҳ душмани халқ, Ватан, бадхоҳи дигарон ба муроду мақсадаш намерасад. Дар рўи хуни ноҳақ рехта, сухани ноҳақ гуфта, тўҳмату бўҳтон ҳеҷ вақт бахту тахти худро сохта намешавад.

      Дар шароити кунунӣ ҷомеаи Тоҷикистон  бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳад. Хусусан  ҷавонон фирефтаи макру ҳиллаи роҳбарони намояндагони ҳама гуна ҳаракатҳои хурофотпараст ва худсито  нагарданд. Ва дар таъмини амният, сулҳу суботу оромии кишвар нақши муассир гузоранд.

 

Хушмуродов Саидмурод – узви Гурӯҳи вакили ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg