БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАБОИ АСР АСТ!

ВОКУНИШ.Терроризм ва ифротгароӣ (Экстримизм), яке за зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳтид  конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият  ва аз они худ  кардани ваколатҳои он, барангехтани низоъи милӣ, иҷтимоӣ ва диннӣ  мебошад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  доир ба ин масъала, ки дарди рӯз мебошад, чунин иброз менамояд: «Имрӯз  терроризм  ва экстремизм  ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».

      Маҳз бо ин роҳу восита  мехоҳанд  дини мубини Исломро  барои ба ҳадафҳои  нопоки худ расидан  истифода мебаранд. Аз ин рӯ аҳли ҷомеаро лозим аст, ки  дар байни ҷавонон  бештар корҳои  таблиғотиро ба роҳ монанд. Мо бояд ба аҳли ҷомеа бифыҳмонем, ки  терроризм  ба дини мубини Ислом рабте надорад.

     Пешвои миллат ба такрор  таъкид  мекунанд, ки террорист Ватан миллат  ва дину мазҳаб  надорад. Дар чунин вазъият  ҳар як фарди соҳибмаърифат  ва алалхусус  падару модарро  масъулияти азим  мебояд, зеро  аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон  яке аз омилҳои мубориза бар зидди  падидаи нанговари  ҷомеаи имрӯза- терроризм  ва ифротгарои маҳсуб меёбад.  Ҷавонон  бояд фирефтаи даъватҳои бардуруғи гуруҳҳои ифротӣ нагарданд. Онҳо нерӯи бузурги  пешбарандаи  ҷомеа ба шумор  мераванд ва бояд ҳушёриву  зиракии сиёсиро  аз даст надода,  барои ҳимояи амният, ваҳдати   миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, арзишҳои миллӣ ва сулҳу суботи мамлакат кӯшиш ба харҷ диҳанд.

     Пешвои муаззами мо Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон  дар “Рӯзи дониш”,  Дарси сулҳ ва оғози  соли нави таҳсил  таъкид кард, ки «Зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, мардум  ва дар навбати аввал  наврасону ҷвононро аз оқибати  равандҳои манфии муосир  огоҳ созем  ва онҳоро  аз таъсири  хатарноки ҳар гунна равияву  ақидаҳои бегона  эмин нигоҳ дорем». Ин таъкиди Пешвои миллати мо, омӯзгоронро  водор месозад, ки пеш аз ҳама, бо ташкил ва  гузаронидани  дарсҳои тарбиявӣ дар мавзӯи  зиракии сиёсӣ  ва амнияту  ваҳдати мили  насли навраси  кишварамонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва Истиқлолият давлатӣ, сидқан дӯст доштани Тоҷикистони азизамон, мисли  гавҳараки чашм ҳифз  намудани кишварамон тарбия намоем, то онҳо фирефтаи доми  бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд.

 

З.Маҳмадназарова - узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg