БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ПЕШВОИ МУШФИҚИ МО!

АНДЕША. Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳу суботи Тоҷикистони соҳибистиқлол беназир буда, дар баробари ин барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як дарси ибрат ба шумор меравад.

     Дар ҳақиқат ҳам дар ҳолате, ки аз оташи ҷанги шаҳрвандӣ тамоми кишвар месўхт, ҳама аз тарси ҷон чи кор карданашонро намедонистанд, мардум сарсону парешон, дар чунин лаҳзаҳои душвори зиндагӣ масъулияти роҳбарии кишварро ба уҳда гирифтан ин худ дар ҳақиқат қаҳрамонист.

       Баҳри хомўш намудани оташи ҷанги шаҳрвандии кишвар ҷони худро дар хатар гузошта, шабу рўз заҳмат кашид.

       Халқи кишвар аз лаҳзаҳои аввали масъулияти роҳбарии кишварро ба зимма гирифтани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дилашон як шуълаи умед пайдо шуд. Пешвои миллат дар назди вакилон масъалаи ҳарчи зудтар хомўш намудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва ҷо ба ҷо намудани мардуми сарсону саргардон буд.

      Пешвои миллат дар назди вакилон  баромад намуда, қайд намуд, ки “То даме ки охирон фирориёни мо ба Ватан  барнагарданд, ман худро  осудаю ором ҳис нахоҳам кард!”.

      Ба ватан  баргардонидани мардуми фирорӣ аз Ҷумҳурии исломии Афғонистон  ва дигар давлатҳо ин худ  сиёсати ватанпарварона ва инсондўстонаи Пешвои миллат буд. Ин амалҳои ватанпарварона ва инсондўстонаи Пешвои миллат пай дар пай дар даврони истиқлолияти давлатдорӣ такрор гашта, боиси он гашт, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ чор маротиба пешниҳоди башардўстонаашро пазируфтанд.

      Дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ин корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон бо хатҳои заррин сабт шуданд.

     Амали навбатии инсондўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомлаӣ Раҳмон ин 84 нафар шаҳвандони ноболиғи тоҷик тариқи хатсайри Бағдод-Душанбе аз Ироқ ба  Душанбе баргардонида шуданд. Баргаштани ин кўдакони ноболиғ ба Тоҷикистон ин барои амну суботи ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол аҳамияти калон дорад.

      Мо аҳли ҷомеа вазифадорем, ки дар таълиму тарбияи  ин ҷавонон саҳмгузор бошем.

     Ин амали Пешвои миллат як дарси ҳаёт буда, мо вазифа дорем, ки онро дар  кору фаъолияти худ ҳамчун сабақ барои таълиму тардияи насли ҷавон истифода намуда, тавассути он роҳи шомилшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб гирифта шавад.

 

Шаропов Ҳомидҷон- раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg