БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ НАСЛИ НАВРАС ҲАМЕША ҒАМХОРИ ЗОҲИР КАРДА МЕШАВАД!

АНДЕША.Ҳар як сиёсатмадор ба қадри ҳиммати худ ба рафти воқеаҳо таъсир мерасонад ва дар таърихи кишвар нақше аз худ мегузорад. Чунин нақшро, ки дар ёди пасояндагон ҷовидон мемонад Эмомалӣ Раҳмон аллакай ба таври хеле устувор гузоштанд. Ӯ ба он муваффақ шуд, ки аз сари нангу номус ҳамватанони гурезаи худро, бар асари ҷанги бародаркуш дар ғариби афтода буданд, ба Ватан бозгардонид. Ин пеш аз ҳама он мардуме буданд, ки дар хоки Афғонистон дар хаймаҳо умр ба сар мебурданд, вале тоҷикони ғарибгашта дар ақсои дигари ҷаҳон низ кам набуданд.

Дар таърихи бисёр кишварҳое, ки ҷанги ҳамватаниро аз сар гузарониданд, гурезаҳо ва муҳоҷирон зиёд буданд. Ҳеҷ кадом аз кишварҳо пас аз басанда шудани ихтилофу низоъҳои миллӣ гурезагони худро баргардонида натавонист. Президент Эмомалӣ Раҳмон ба ин муваффақ шуданд. Пас аз овардан ва ҷо ба ҷо намудани гурезагони тоҷик то ба ҳол Сарвари давлат нисбат ба тақдири миллати тоҷики дар ғариб буда, бетараф нестанд.

 Тавассути воситаҳои ахбори омма ҳамагон шоҳиди он будем, ки Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоқикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоми 30 апрели соли ҷорӣ тибқи хатсайри   Бағдод-Душанбе-Бағдод масъалаи   ба Ватан баргардонидани   кӯдакон ва ноболиғон – шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо волидон ва оилаҳои гумроҳшудаи худ ҷиҳати пайвастан ба сафи ДИИШ ва дигар неруҳои террористию экстремистӣ вориди сарзамини Ироқ шудаанд, ба Ватан баргардонида шуд.

Ин иқдом аз иқдомҳои наҷибона ва сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кӯдакон, ки ояндаи миллатанад, гувоҳи медиҳад. Маҳз ғамхориҳои падаронаи Сарвари давлат аст ин, ки бо ҳамкориҳои судманди намояндагиҳои дипломатӣ, мақомоти марбутаи Тоҷикистону Ироқ ва мусоидати ниҳоди атфоли Созмони Милали Муттаҳид – ЮНИСЕФ ба Тоҷикистон баргардонида шуда, тақдири минбаъдаи  ин кӯдакон таҳти таваҷҷуӯи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта шудааст.

Волидони ин кӯдакон  ба хотири иштирок дар ҷангҳои Ироқ, ҷонибдори намудани ДОИШ ва дигар гуруҳҳои террористӣ ва ё ба хотири ҳамкори намудан бо террористон дар маҳбасҳои Ироқ адои ҷазо мекунанд. Ин амали ватанпарварона, инсондӯстона ва мушфиқона аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин боз як нишонаи он аст, ки Пешвои миллат доимодар фикри ояндаи кӯдакону наврасони мо, ояндаи кӯдакону наврасони мо, ояндаи халқу миллати мо буда, нисбат ба тақдиру ҳаёт ва зиндагии шаҳрвандони кишвари азизи мо, новобвста аз ҷойи буду бошашон бетафовут нестанд.

Дар ҳақиқат Сарвари давлатро падари миллат номидан дуруст аст ва ин танҳо барои он нест, ки ӯ Сарвари кишвар аст, балки воқеан ӯ падари тамоми бепадарону ятимону маъюбон ва камбизоатон аст, аз ҳоли онҳо огоҳ буда, дасти кӯмаку навозишаш бар сари онҳо мерасад ва тамоми ятимон инро дарк намуда мегӯянд; мо ятим нестем, зеро падар дорем ва падари мо Эмомалӣ Раҳмон аст. Дар ҳақиқат бо хоксориву фурутанӣ раҳ ба сӯи қалбҳо гирифтааст.

 

Шарифзода М- раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён              

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg