БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО САРФАИ НЕРЎИ БАРҚ БА ҲАЁТИ ОСОИШТА МЕРАСЕМ!

АНДЕША.Дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат масъалаҳои марбут ба соҳаи энергетика дар баробари дигар масоили иҷтимиоию иқтисодӣ мавриди таҳлилу баррасии хоса қарор гирифт.

- Соли ҷорӣ (2018) мо на танҳо барои ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ қадами устувор гузоштем, балки бори аввал дар зарфи 27-соли соҳибистиқлолии кишварамон ду соли охир мардуми мамлакатро пурра бо барқ таъмин намда, дар ҳаҷми қариб 3 млрд кВ/Соат неруи барқ содирот кардем,- аз ҷумла изҳор дошт Роҳбари давлат зимни ироаи Паёми худ.

Вақте давоми чанд соли охир дар кишвар истеҳсоли неруи барқ нисбат ба даҳ сол қабл чандин маротиба афзуд, пўшида нест, ки аксарият аз аъзои ҷомеа дар истифодаи барқ ба зиёдаравии бемаврид даст заданд. Мисолҳои рўшан истифодаи нодурусти асбобҳои зиёди гуногуни барқӣ дар манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон буда метавонад, ки ба буҷаи теъдоди зиёде аз хонаводаҳо дар кишвар таъсири манфии худро расонид ва ин гуна ҳодисаҳо тариқи расонаҳои иттилоотии мамлакат расонаӣ шуда буд.

Ба хотири садди роҳи исрофкорӣ шудан дар истифодаи неруи барқ ва пешгирии талафёбии буҷаи иқтисодии хонаводаҳо Ҳукумати кишвар тадбирҳои зарурӣ андешид. Аз ҷумла, дар соҳаи энергетика ислоҳот ворид намуда, низоми нави ҳисоби хароҷоти истеҳсолу интиқол ва тақсимоти  нерўи барқ, ҷорӣ намудани низоми нави электронии механизми муосири баҳисобгирӣ ва ҷамъоварии маблағи неруи барқ ва дигар чораандешиҳоро ба роҳ монд. Имрўзҳо дар як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар ин низомҳо аллакай мавриди амал қарор дорад ва муфид ва ба маротиб беҳтар будани ин низом аз низоми қаблиро метавон ҳамарўза мушоҳида намуд.  Аз асоситарин фоидаҳои ин низом ҳамин аст, ки аъзои ҷомеа дар истифодаи неруи барқ сарфакор шуданд ва ба ин васила миқдори муайяне аз буҷаи иқтисодии оилавияшонро сарфа намуданд. Ва равшан аст, ки ин омилҳо ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум таъсири хуб дорад.

Орзу ва ҳадафи ҳар як сокини кишвар расидан ба сатҳи зиндагии боз ҳам беҳтар ва ҳаёти осоишта мебошад. Ин орзуи сокинони кишвар ҳадафи асосии давлату Ҳукумати мамлакат мебошад. Барои расидан ба ин ҳадаф корҳои Ҳукумати кишвар назаррас ва бо қобили таваҷҷуҳи хосса аст. Аммо мову Шумо – ҳамдиёрони азиз барои амалӣ гаштани ҳамон орзуву ҳадафи асосиямон – расидан ба ҳаёти осиошта – набояд канор нишинем! Мову Шумо низ вазифа дорем, ки барои ноил шудани ба ин орзуи нек ва мақсади судманди худ ва давлати худ талош намоем! Аз он ҷойе, ки Ҳукумати кишвар барои расидан ба ин ҳадаф рушди соҳаи энергетикаро асоситарин роҳу усул муайян кардаву қарор додаст, пас мо бояд бо истифодаи сарфакоронаи нерўи барқ дар самти амалӣ шудани ин ҳадаф саҳми худро гузорем.

Фаридун Назаров -аъзои ҲХДТ аз шаҳри Левакант

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg