БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САЛОМАТИРО БОЯД ҲИФЗ ВА ҚАДР КАРД!

Ш.ШОҲИН.Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ «Беморхонаи Ёл»  вохӯрӣ доир намуданд.

        Дар вохӯрӣ мутахассиси шуъбаи ташкили ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ошимов Абдураҳим ба сухан баромада доир ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  кормандони беморхонаи  мазкурро баҳри дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум таъкид сохтанд.

        Сипас, Асақолов Алиҷон ба сухан баромада дар бораи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум дар масъалаи пешбурди тарзи ҳаёти солим ва пешгирии бемориҳои сирояткунанда,аз ҷумла,  Гепатитҳо, СПИД, Сил, бемориҳои венерикӣ ва хавфу таъдиди онҳо ба солимиву саломатии ҷомеаи муосири суханронӣ  намуд.

        Дар охир аъзоёну кормандони Беморхонаи мазкур дар якҷоягӣ аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»-ро роҳандозӣ ва баргузор намуда, гирду атрофи муассисаро аз хасу хошок ва дигар партовҳо пок сохтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg