
ШАҲРИТУЗ.Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз як зумра кормандони масъули ҳизбу корхонаҳои ноҳия ба аёдати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафтанд. Дар ноҳия ҳамагӣ панҷ нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт мебошанд, ки умри онҳо низ аз 90 боло буда, ба қавле «Офтоби сари кўҳ» гаштаанд.
Аз ҷумла инҳо Тавашаров Исои 99 сола истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Пахтаобод, деҳаи Султонобод, Исмоилов Тангмати 94 сола истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Пахтаобод, деҳаи Чорбоғ, Шайназаров Бойназари 94 сола истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматов деҳаи Ориён, Ҷураев Тураи 94 сола истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти ба номи Ҷура Назаров, деҳаи Айвоҷ ва Шоматов Кенжаи 98 сола истиқоматкунандаи кучаи Т.Муродови ноҳияи Шаҳритуз мебошанд.
Масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳия Шаҳритуз кўшиш менамояд, ки аз ҳолу аҳволи чунин ашхос бохабар гашта, то ҳадди имконият онҳоро дастгирӣ намояд. Имрўз низ раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Шаропов Ҳомидҷон, раиси Иттифоқи касабаи Комплески агросаноатии ноҳия Носирзода Абдукарим, бо ҳамроҳии намояндаи «Амонатбонк»-и ноҳия ва котибони ҷамоатҳои деҳотӣ барои аёдати ин пирони хирад рафта, хотири онҳоро бо тўҳфаҳои хотиравӣ шод намуданд.