
А.ҶОМӢ.Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Калинин» бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳ.Раҳимов ва Х.Мирзоев оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
Зимни баргузории он Раҳимов Ҳоким қайд кард, ки даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ аз ҳар як сокини кишвар вобастагии калон дорад, зеро яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ, Қувваҳои мусаллаҳ ба ҳисоб меравад. Артиш василаи бузурги мудофиавӣ буда, ҳеҷ як давлат наметавонад бидуни он Истиқлолияти комили худро таъмин ва ҳифз намояд.
Инчунин оид ба дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Мо ҳар амали некеро, ки бо шукронаи истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндаамон, Ватани азизу маҳбубамон Тоҷикистон мекунем, зеро ин Ватан ва ин давлат аз худи мост ва онро ба ҷои мову шумо каси дигар обод намекунад.» ибрози ақида намуда, даъват ба амал оварданд, ки мову шумо пайрави аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат намуда баҳри рушду ободии кишвар саҳми худро гузорем.