БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРДУМ ДАР РОҲИ СОЗАНДАИ ҲХДТ ҚАДАМ МЕНИҲАНД

ҲАМАДОНӢ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “САҲШ” аз тарафи масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Ҳамадонӣ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Масъулини Кумитаи иҷроия дар баромади худ оид ба дастгириҳои сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  дастгириҳои бевоситаи он ба табақаҳои ниёзманиди аҳолии  андешаҳои худро иброз доштанд.

Қайд гардид, ки ҳали масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхори дар ҳақи гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эхтиёҷманд ва нафақахурону  собиқадоронро аз ҷумлаи вазифаҳои  муҳимтарини ҲХДТ мебошад.

Ҳамзамон, дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ҷиҳати дастгирии ниёзмандон дар моҳи шарифи Рамазон аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “САҲШ” Нигинамо Баёнова ба як нафар маъюби гуруҳи 1 аз деҳаи Ҳайёти Нав маводҳои хӯрока аз қабили орд, равған, шакар ва тухм расонида шуд.

  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg