БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРИ МАРДӢ ...

ТЕМУРМАЛИК.Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Матлуботчиён” хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Маҳмадсаид Раҷабзода дар назди ҳозирин баромад намуда, нахуст, оиди паст кардани нархи маҳсулотҳо дар бозор суханронӣ намуда, қайд намуд, ки Пешвои миллат дар Паёми табрикотиаш бахшида ба моҳи шарифи Рамазон таъкид намуда буданд, ки дар моҳи шарифи Рамазон нархоҳои бозоро паст намуда, ба мусалмонон имконият бидиҳед дар ин моҳ маҳсулотҳои лозимиро дастрас карда тавонанд.

Баъди анҷоми вохӯрӣ, вобаста ба татбиқи қисмати тарғиботию амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо дасгирии молиявии раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Матлуботчиён” Раҳимова Меҳринисо дар моҳи шарифи рамазон ба як нафар ниёзманд Раҳмонова Хурсаной истиқоматкунандаи ҷамоати шаҳрак маводҳои хӯрокворӣ кӯмак расонда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg