БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲАМЕШАГИИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД!

КӮЛОБ. Дар доираи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба ҷалили ҷашни Рӯзи ғалабаи халқҳо дар ҶБВ амалҳои хайриявӣ ба анҷом расонида шуд.

Ҷиҳати расонидани кӯмаки башардустона роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба хонаи чанд нафар аз собиқадорони ҷангу меҳнат рафта, онҳоро ба иди ғалаба табрик намуда, сипас ба онҳо кӯмаки молиявӣ расониданд. Аёдати собиқадорони ҷангу меҳнат Мирзо Бегматов, Холматов Дилдор ва Шарипов Ғулом хотирмон буд.

Зимни аёдат собиқадорони ҷанг Холматов Дилдор ва Шарипов Ғулом аз хотираҳои худ доир ба иштироки хеш дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ солҳои 1941 - 1945 нақл намуда, ҷавононро ба ватандустӣ, меҳнати ҳалол ва иттифоқ будан даъват намуда, барои аёдат ба намояндагони Кумитаи иҷроия дар ин рӯзи хотирмон изҳори сипос намуданд.

Ҳамчунин, яке аз собиқадори фаъоли ҷангу меҳнат раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат дар минтақаи Кӯлоб Мирзо Бегматов хизмат менамояд ба ташрифкунандагон аз қаҳрамониҳои иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, махсусан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада, тавсия дод, ки мардуми тоҷик ҳамеша бояд дар роҳи ободонии ватан, ҳифзи марзи кишвар ва тақвияти ваҳдати миллӣ саъю кӯшиш намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg