БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ МУҲОФИЗАТИ ВАТАНИ МАҲБУБАМОН ОМОДАЕМ!

ДАНҒАРА.Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии “деҳаи Файзбахш”-и ҷамоати деҳоти Оқсу оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Нахуст, маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Каримов Пирмуҳаммад кушода, ҳозиринро бо фарорасии моҳи шарифи рамазон табрику таҳният намуд. Сипас, оиди паст кардани нархо дар бозор дар арафаи моҳи шарифи рамазон, оиди натиҷаи манфии пайвастани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористӣ - экстремистӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ суханронӣ намуд.

Мавсуф дар рафти маҷлис аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди корҳои ободонӣ, зебогардонӣ ва созандагӣ дар доираи аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” саҳмгузорӣ намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg